مرکز دانلود سرگرمی و آموزش mojtaba sabouri

دانلود فیلم آهنگ پویانمایی به روز و جدید

مرکز دانلود سرگرمی و آموزش mojtaba sabouri

دانلود فیلم آهنگ پویانمایی به روز و جدید

مجتبی صبوری
مرکز دانلود سرگرمی و آموزش
T.me/saboori1
Eitaa.com/saboori1



Saboori1.blog.ir

Sabouri.page.TL

Aparat.com/sabouri

Youtube.com/@mojtaba.sabouri

2002 - 2025

آخرین مطالب
  • ۰۳/۰۶/۰۹
    3v9
  • ۰۲/۰۶/۲۷
    Vb
  • ۰۲/۰۶/۲۷
    Gj
پربیننده ترین مطالب
محبوب ترین مطالب
  • ۹۸/۱۲/۰۹
    e98

tojikiston1

شنبه, ۹ آبان ۱۳۹۴، ۰۸:۲۷ ق.ظ

Як муҳоҷири ҷавони тоҷик дар

шаҳри Маскави Русия ҷузвдони

як зани русро, ки дар дохили он

пул ва кортҳои бонкӣ буд, пайдо

кард ва ба ӯ баргардонд. Ин

ҳодиса дар расонаҳои русӣ

бозтоби густурдае пайдо

кардааст.

Як муҳоҷири ҷавони тоҷик аз

ноҳияи Панҷакенти

Тоҷикистон дар яке аз

мағозаҳои шаҳри Маскав --

пойтахти Русия ҷузвдони як

духтари русро пайдо намуд, ки

дар дохили он пул ва кортҳои

бонкӣ буд.

Забеҳулло Шафеъзода, ин

ҷавони муҳоҷири тоҷик, вақте

рӯзи панҷшанбе ин ҷузвдонро

ба таври тасодуфӣ дар яке аз

мағозаҳо пайдо кард, дар

дохили он нишона ё шумораи

телефони соҳиби он вуҷуд

надошт.

Забеҳулло барои пайдо

кардани соҳиби ҷузвдон даст

ба кор шуд. Ӯ дар ибтидо ба

яке аз кортҳои бонкии дохили

ҷузвдон миқдори каме пул

гузаронд ва ҳамроҳ бо он

паёмак ва шумораи телефони

худро низ ирсол кард.

Забеҳулло ба расонаҳо

гуфтааст, ки дар ибтидо як

миқдори ками пулро ба яке аз

кортҳои бонкӣ интиқол дод,

аммо аз соҳиби он посухе

дарёфт накард. "Шояд соҳиби

ҷузвдон фикр кард, ки ман як

кадом қаллоб ҳастам. Ман

дафъи дувум ба яке аз кортҳои

банкии дигари ӯ як миқдори

пул гузаронидам ва паёмак

фиристодам. Баъди ин соҳиби

ҷузвдон аллакай занг зад. Мо

маслиҳат кардем ва ман

ҷузвдони ӯро бо ҳама он чи, ки

дар дохили он буд,

баргардонидам. Ман хушҳолам,

ки ҷузвдони ин хонумро

баргардонидам ва ӯ низ дучанд

хурсанд шуд."

Алена Куратова, духтари

ҷавони пас аз ин ҳодиса дар

сафҳаи Фейсбуки худ навишт,

ки “вақте дар SMS дарёфт

кардам, фикр кардам, шояд

касе маро азият мекунад ва мо

рӯзона ба чандин чунин

ҳодисаҳо рӯбарӯ мешавем.

Вақте дафъаи дувум паёмак

тариқи кортии бонкии

дигарам расид, ман ба андеша

фурӯ рафтам, ки ӯ аз куҷо

шумораҳои кортҳои бонкии

манро медонад. Ташаккур ба

Шумо Шафеъзода! Шумо

ҷузвдони маро ҳамроҳ бо ҳама

ончи дар дохили он буд,

баргардонидед. Ва ҳамин тавр

эътимоди ман ба одаму

одамгириро."

Алена гуфтааст, ки барои ӯ ин

ҳанӯз боварнокарданист ва ӯ аз

ин ҷавони тоҷик барои ин

амали ҷавонмардонааш

сипосгузор аст.​

Русия мизбони садҳо ҳазор

муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон

аст. Дар афкори умумии Русия

муҳоҷирони тоҷик бештар

тасвири як ҷинояткор ва

қочоқбари маводи мухаддирро

доранд. Чизе ки ба назари

бисёриҳо аз воқеият фарсахҳо

дур аст.

Шояд инҳо ҳам

писандатон ояд

موافقین ۰ مخالفین ۰ ۹۴/۰۸/۰۹

نظرات  (۰)

هیچ نظری هنوز ثبت نشده است

ارسال نظر

ارسال نظر آزاد است، اما اگر قبلا در بیان ثبت نام کرده اید می توانید ابتدا وارد شوید.
شما میتوانید از این تگهای html استفاده کنید:
<b> یا <strong>، <em> یا <i>، <u>، <strike> یا <s>، <sup>، <sub>، <blockquote>، <code>، <pre>، <hr>، <br>، <p>، <a href="" title="">، <span style="">، <div align="">
تجدید کد امنیتی